Алайҳи Диловар Гулов айб эълон карданд. ВИДЕО

Диловар Гулов

Додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон, ки дар латукӯби як корманди пулис гумонбар эълом мешавад, айб эълон намудааст. Дар ҳолати собит шудани ин иттиҳом, ба Диловар Гулов аз панҷ то ҳафт сол зиндон таҳдид мекунад.

Як манбаи наздик ба Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонӣ дар нисбати Диловар Гулов тибқи моддаи моддаи 237, қисми 3 -и Кодекси ҷинояти Тоҷикистон, яъне "авбошие, ки бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳи истифодашаванда сурат гирифтааст", парванда боз кардааст. Манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад ва шоҳидону рафиқони Диловар Гулов, ки дар ин ҳодиса ҳамроҳаш будаанд, бозпурсӣ мешавад.

Ҳодиса шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кард

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода -- корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, шоми 8-уми июл, ҳамроҳи Диловар Гулов чаҳор рафиқи ӯ ҳузур доштаанд, ки ду нафар аз онҳо варзишкор мебошанд ва феълан ҳамроҳи ӯ дар Боздоштгоҳи мувақатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, нигоҳдорӣ мешаванд.

Мақомот дар ҳоле дар боздошт қарор доштани Диловар Гуловро тасдиқ мекунанд, ки ҳафтаи гузашта манобеъ дар ниҳодҳои интизомӣ гуфта буданд, ки ӯ "ба шарти берун нарафтан аз шаҳр", дар озодӣ ба сар мебарад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алайҳи Диловар Гулов айб эълон карданд

Муноқиша бо афсари милиса

Ҳодиса шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

Табибони шифохонаи Қарияи Боло қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст Табибони шифохона рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Назарзода ҳамчунин аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

Диловар Гулов қаблан низ барои қонуншиканӣ боздошт шуда буд.

Нуралӣ Қурбонов, мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи “Қарияи боло” рӯзи 10 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Нарзуллозодаро шаби 8 июл ба бемористон оварданд. Табиби тоҷик гуфт, маълум нест, ки табобати корманди милиса чӣ қадар давом мекунад, чун зарби гирифтааш ҷиддӣ аст.

Нарзуллозода аз бемористон рухсат шуд

Дилшод Нарзуллозода, корманди раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Душанбе пас шаш рӯзи табобат аз беморхонаи Қарабаоло рухсат шудааст.

Пизишкони Шуъбаи ҷароҳии асаби рақами 2-и бахши 5-уми беморхонаи Қарболо рӯзи 20 июл дар суҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Нарзуллозода шоми шанбеи 14-уми июл ба назди пайвандонаш баргашт.

Ба гуфтаи ин минбаъ вай сиҳат ёфт ва дигар зарурат барои дар шуъба нигаҳдорӣ намонда буд.

Вале дар як дидори рӯзи 9 июл дар бемористон худи Нарзуллозода нахост дар бораи қазия бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Дар сару рӯи Нарзуллозода осори латукӯб мушоҳида мешуд. Ӯ бо дасташ чашми чапашро медошт ва дида мешуд, ки он сиёҳаст.

Диловар Гулов - сари забони расонаҳо

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.