Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика, ки дар латукӯби як корманди пулис гумонбар мешавад, баъд аз ду рӯзи бозпурсӣ озод шудааст.
Ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона шоми 8 июл рух дод ва як рӯзи баъд Диловар Гулов худро ба мақомот таслим кард.
“Гуфтанд, ки бе иҷозат аз шаҳр берун наравад”
Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 11 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Диловар Гулов баъд аз зуҳри имрӯзба манзилаш мураххас шуд. Хабари бозгашти Гулов ба манзилашро як манбаи дигар ҳам ба шарти ифшо нашудани номаш тасдиқ кард.
Аммо ба қавли манбаъ, ба Диловар Гулов дастур додаанд, ки бе иҷозат маҳалли зисташро тарк накунад ва дар ҷараёни тафтиши парванда ӯро даъват хоҳанд кард.
Қазияи латукӯби Дилшод Нарзуллозода, корманди пулис феълан аз сӯи Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳқиқ мешавад. Аммо мақомоти додситонӣ то ҳол дар ин бора расман шарҳе надодаанд ва маълум нест, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ё не.
Талошҳои мо барои суҳбат бо худи Диловар Гулов низ бенатиҷа буд. Ба зангҳои мо нафаре посух медод ва баъди шунидани савол гӯширо мегузошт.
Диловар Гулов, писари вазири собиқи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ҳафтаи равон бо ҳодисаи латукӯби як афсари милиса дигарбора дар сархати хабарҳо қарор гирифт.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух додааст ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.
"Биниаш шикаста, устухонаш осеби ҷиддӣ дид"
Табибони шифохонаи Қарияи Боло мегӯянд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст ва барои идомаи муолиҷа, ӯ бояд дар шифохона бимонад. Табибони шифохона рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Назарзода ҳамчунин аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.
Худи Дилшод Нарзуллозода нахост дар бораи қазия бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Дар сару рӯи Нарзуллозода осори латукӯб мушоҳида мешуд. Ӯ бо дасташ чашми чапашро медошт ва дида мешуд, ки он сиёҳ аст.
ВКД: Ҷанҷол пас аз баҳси лафзӣ сар задааст"
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон латукӯби кормандашро тасдиқ кард ва гуфт, ки як нафарро бо иттиҳоми латукӯби ӯ боздошт карданд. Дар ҳоле ки вазорат нахост номи боздоштшударо ошкор кунад, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ гуфт, ки Диловар Гулов худро ихтиёран ба пулис таслим кардааст ва бозпурсӣ мешавад.
Аммо падараш Гул Шералӣ, вазири собиқи саноат ва энергетика рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин хабарҳое, ки дар атрофи писари ман мечарханд, асос надоранд".
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи латукӯби корманди вазорат таҳқиқ мешавад.
Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорат будааст. Дар вазорат ҳамчунин гуфтанд, ки баъди санҷиши қазия, ҷузъиёти онро эълон мекунанд. Сухангӯи ВКД афзуд, баҳс миёни афсари милиса ва нафари муттаҳам бар сари рондани мошин сар задааст.
Номи Диловар Гулов моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.
Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.