Иддае аз соҳибкорони тоҷик аз вазорати нақлиёт хостаанд, ки ба онҳо иҷоза бидиҳад, ки дар канори шоҳроҳҳо ҳоҷатхона бисозанд. Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл дар нишасти матбуотие дар Душанбе гуфт, умедвор аст, ки мушкили ҳоҷатхона дар канори шоҳроҳҳо ҳал мешавад.
Ӯ гуфт: “Ба қарибӣ мо машварат доштем. Соҳибкороне ҳастанд, ки муроҷиат карданд ва мехоҳанд ба дар шафати шоҳроҳҳо замин ҷудо карда шавад, то онҳо нуктаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳоҷатхона бунёд намоянд”.
Камбуди ҳоҷатхонаҳо дар канори роҳҳои Тоҷикистон чанд сол боз баҳс мешавад. Баъзе аз мардум мегӯянд, зимни ҳаракат дар шоҳроҳҳо бояд соатҳо мунтазир шаванд, то ба ҷое бирасанд, ки ҳоҷатхона дорад. Теъдоди дигар мегӯянд, дар баъзе ҳолат маҷбур мешаванд, дар майдони боз ва дар канори роҳ, ё пушти дарахте қазои ҳоҷат кунанд.
Тоҷикистон, ки ба рушди туризм солҳои ахир таваҷҷӯҳ кардааст, ин масъаларо дар чанд соли охир ҷиддӣ гирифтааст. Моҳи августи соли 2016 мақомот гуфтанд, ки мехоҳанд, дар канори шоҳроҳҳои асосӣ дар ҳар 50 километр ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр меҳмонхонаҳои хурд бунёд кунанд.