Сокинони шаҳри Алматои Қазоқистон якҷо бо кормандони пулис ронандаеро ҷустуҷӯ доранд, ки як кӯдаки 4-соларо бо мошинаш пахш кард ва ба зери буттаҳо партофт.
Кӯдакро бо сару рӯи кафида як зани роҳгузар пайдо кард ва барои ёфтани наздиконаш ӯро ба навор бардошт. Нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои тундеро ба бор овард. Волидони кӯдак низ дар натиҷа пайдо шуданд.
“Вақте ба кор мерафтам, онҳо дар саҳни бино бозӣ мекарданд. Гуфтам, ки ба хона дароянд. Модарашон ҳам гуфт. Сипас ман ба кор рафтам ва дар коргоҳ навореро нишон доданд, ки бо дидани он аз ҳуш рафтам. То ҳол бо мушкил гап мезанам”, - гуфт падари кӯдак Мурод Аскаруғлӣ.
Ҳоло ин кӯдак дар яке аз беморхонаҳои Алмато дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Пулиси Алмато то ҳол ронандаеро, ки кудакро пахш ва бе расонидани кӯмак аз ҷойи ҳодиса фирор кард, пайдо накардааст. “Бахши тафтишотии шуъбаи пулиси маҳаллӣ шоҳидони ҳодисаи рӯзи 16 июлро меҷӯяд. Аз ҳамаи онҳое, ки дар ин ҳодиса чизеро дидаанд, хоҳиш карда мешавад, ки зуд ба пулиси Алмато хабар диҳанд”, - гуфт сухангӯи пулиси роҳи Алмато Салтанат Азирбек.