Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, аксари шаҳрвандони кишвар, ки ба Ироқу Сурия рафта ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, кушта шудаанд. Сафари ҷавонони тоҷик ба манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна аз соли 2013 шуруъ шуд.
Абдулхайр Абдулҳасаниён, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “то имрӯз дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ зиёда аз 470 ҷангҷӯи тоҷик кушта шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, бештар аз 450 ҷангҷӯи дигари Тоҷикистон дар зиндонҳои хориҷӣ ҳастанд, вале номи кишварҳои хосро набурд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия ва Афғонистон рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд.