Размоиши муштараки нерӯҳои Қазоқистон ва Узбекистон

Uzbekistan - Uzbek and Kazakh flag.

Дар доираи сафари расмии ҳайати низомиёни Узбекистон, вазири мудофиаи Қазоқистон Сакен Жасузаков ва вазири мудофиаи Узбекистон Абдусалом Азизов дар размоиши муштараки низомиҳои ду кишвар бо номи "Ерик дала" ширкат карданд, хабар дод вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи16 июл.

Дар доираи размоиш нерӯҳои ду кишвар амалиёти иктишофии шабона баргузор карданд.

"Вазифаҳои гузошташуда аз сӯи низомиҳо бо муваффақият анҷом шуданд. Ман мехоҳам зикр кунам, ки мо чандин масъаларо ҳал кардем. Мо дар масъалаи ҳалли муштараки амалиёти фаврии низомӣ ва омодасозии кадрҳо ба созиш расидем", - гуфт Сакен Жасузаков.

Жасузаков афзуд, даври дувуми машқҳои изомӣ дар размоишгоҳи "Фориш"-и Узбекистон баргузор хоҳад шуд.