Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии мудҳише хабар дод, ки дар натиҷаи он 2 нафар кушта ва 9 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Фалокат субҳи 16-уми июл дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” рух додааст.
Дар хабарии расмии вазорат, омадааст, ки Талабшо Собирови 32-сола аз ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини муқобил бархӯрдааст. Дар натиҷа ду мусофири ин мошин ҷароҳатҳои вазнин гирифта ва дар шифохона ҷон додаанд.
Дар умум дар натиҷаи садама 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва вазорат мегӯяд, ки вазъи баъзе аз мусофирон вазнин аст. Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд.