Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Бадахшон даҳҳо ҳазор шиша машруботи алкоголии бесифат ошкор ва аз истифода бардошта шуд. Масъулини "Тоҷикстандарт" дар ин вилоят мегӯянд, дар пайи санҷиши онҳо, фурӯши ғайриқонунии машруботи спиртӣ дар 17 манзили истиқоматии сокинони шаҳри Хоруғ низ ошкор ва фурӯши онҳо қатъ карда шуд. Аз раёсати стандартизатсия ва нозироти савдо дар вилояти Бадахшон гуфтанд, "дар нуқтаҳои фурӯш 188 намуд машруботи бесифатро ба миқдори 31523 шиша ошкор сохтанд . 5699 шиша маводи спиртии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда, нобуд карда шуд".
Ошкор шудани даҳҳо ҳазор шиша машруботи алкоголӣ дар вилояти Бадахшон дар ҳолест, ки оғози моҳи июн наздик ба 3 ҳазор нафар сокинони Хоруғ бо навиштани як номаи дастҷамъӣ ба унвонии раиси вилоят шикоят кардаанд, ки талошҳои онҳо барои танзим кардани фурӯши машрубот натиҷа надодааст.
Чун ба иддаои сокинони Хоруғ, ҳанӯз "мафияи тоҷирони машрубот" дар вилоят зинда аст ва бозорҳои вилоятро ба макони машруботӣ пастсифату қалбакӣ табдил додаанд, ки даҳҳо нафар аз он зиён мебинанд. Раиси вилояти Бадахшон гуфт, пас аз муроҷиати сокинон, бо ширкати ҳамаи мақомот ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷлис доир кард. Шодихони Ҷамшед, гуфта буд, бо назардошти ин талаби сокинон, онҳо тасмим гирифтанд фурӯши машруботро аз берун аз соати 8 то субҳ то 5 шом маҳдуд кунанд.
Масъулини "Тоҷикстандарт" мегӯянд, то моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ аз 135 нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ фаъол буд, ки аз он 54 ғайриқонунӣ амал мекард.