Толибон 11 сарбози афғонро дар Фароҳ куштанд

Вилояти Фароҳ

Мақомоти вилояти Фароҳи Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯён дар ин вилоят бо ҳамла ба як посгоҳ 11 сарбозро куштанд. Муҳаммадносир Меҳрӣ, сухангӯи раиси вилоят гуфт, ки дар ҷанг бо ин гурӯҳ дар ноҳияи Боло Булук дар рӯзи 14-уми июл 4 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба гузоришҳо, сарбозони афғон зимни муқовимат 9 ҷангҷӯро куштаанд ва 13 тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале Муҳаммадносир Меҳрӣ гуфт, ки ҳамла кори дасти Толибон аст.

Дар вилояти Ҳилманд як бомбгузори маргталаб бо тарконидани мошини худ дар шаҳри Лашкаргоҳ, як афсари пулисро кушта ва 11 маъмури пулис ва сарбозонро маҷрӯҳ кардааст.