Вазорати умури дохилии Олмон мегӯяд, як паноҳҷӯи афғон аз гурӯҳи 69- нафарӣ, ки ҳафтаи гузашта аз қаламрави ин кишвар депорт шуданд, баъди бозгашт ба Афғонистон худкушӣ кард.
"Мо субҳи имрӯз аз мақомоти Афғонистон тасдиқи ин хабарро дарёфт кардем, ки ҷасади паноҳандаи ихроҷшуда дар яке аз меҳмонхонаҳои Кобул ошкор шуд"- гуфт Вазорати дохилии Олмон рӯзи 11 июл ва афзӯд, "ба гуфтаи мақомоти Афғонистон ин худкушӣ аст".
Номи ин марди 23 сола, ки сокини виляти Балх будаст, ошкор нашудааст.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ӯ баъди 8 соли зиндагӣ дар Олмон иҷборан аз қаламрави он кишвар ба Афғонистон депорт шуд.
Вазири дохили Олмон Ҳорст Зееҳофер аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон дар таърихи 4 июл истиқбол кард ва бо ифтихор гуфт, ки ин 69 нафар дар 69-умин зодрӯзи ӯ депорт шуданд.
Ҳорст Зееҳофер, ки бо ҳизби Масеҳиву сотсиалии худ ба ҳукумати эътилофии садри аъзами Олмон Ангела Меркел шомил аст, бо талаби таҳкими сиёсати муҳоҷират Меркелро таҳти фишор қарор додааст.