Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 10 июл гуфт, ки дар сафари зудраси ӯ ба Аврупо мулоқоти бо раҳбари Русия Владимир Путин метавонад дар муқоиса бо мулоқоти НАТО "осонтар" бошад. Президент субҳи имрӯз Вашингтонро ба қасди Брюссел тарк кард. 29 узви НАТО дар Белгия бо вуҷуди як идда ихтилофи назар аз президент намоиши якдилиро интизоранд.
Трамп субҳи имрӯз дар остонаи сафараш ба Аврупо ба хабарнигорон гуфт: "Рости гап, Путин метавонад осонтарин бахши ин сафар бошад. Кӣ медонад?" Ин як маҳилаи ҷолиб бо НАТО аст". Ӯ гуфт, " НАТО бо мо бархурди одилона надорад, мо пули бисёр медиҳем, онҳо хеле кам харҷ мекунанд".
Қабл аз оғози сафари Трамп ба Брюссел, президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск рӯзи сешанбе аз ӯ даъват кард, ки "ба қадри шарикони аврупоияш бирасад". Туск ёдовар шуд, ки Трамп кишварҳои Аврупоро паваста барои харҷҳои ками низомӣ танқид мекунад. Туск дар муроҷиат ба Трамп гуфт: " Президенти муҳтарам Трамп! Амрико беҳтар аз Аврупо шарик надорад!" Ӯ афзуд: "Амрикои азиз! Ба қадри шарикони худ, ки дар ниҳояти амр он қадар бисёр нестанд, бирасед!
Туск аз кишварҳои Аврупо даъват кард, ки харҷҳои низомиро бештар кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, шарики омода ва муҷаҳҳазро ҳама эҳтиром мекунанд.