Дар Русия чаҳор муҳоҷири тоҷик як зани рус ва набераи ӯро, ки дар рӯдхонаи бузурге ҳангоми шино ғарқ мешуданд, наҷот додаанд.
Муҳоҷирон видеои наҷот додани ҳарду нафарро, ки яке аз шоҳидони ҳодиса сабт кардааст ва дар он дида мешавад, ки чӣ гуна ду муҳоҷир барои наҷоти кӯдаке худро ба об меандозанд.
Кӯдак, ки аз дур намоён аст, “кӯмакам кунед” мегӯяд ва бо овози гиряолуд фарёд мекашад ва аз соҳил муҳоҷире бо забони тоҷикӣ фарёд мекашад, ки “Комрон аз гарданаш бигир”, то ки зери об намонад. Ҳодиса нисфирӯзии 7-уми июл дар шаҳраки Яблонский дар ноҳияи Тахтамукайский дар Ҷумҳурии Адигея рух додааст.
Видеоро инҷо бубинед
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Комрон Убайдов, муҳоҷири тоҷик, ки дар наҷоти ин зану кӯдак ширкат доштааст, рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сохтмоне дар наздики рӯдхона машғули кор буданд, ки садои “Ёрӣ диҳед”-и кӯдак ба гушашон расид.
“Бо ҳамроҳонам зуд либосҳоро кашида ба наҷот шитофтем. Ҳардуро аз дохили об берун кардем. Агар ману дӯстонам, Раҳимҷон, Музаффар ва Ҳалим каме дер мекардем, ҳалок мешуданд”-гуфт ӯ. Муҳоҷири тоҷик гуфт, ки пас аз наҷоти зану кӯдак, маъмурони пулис омада ҳодисаро сабт карданд.
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳам кӯдак ва ҳам зан дуруст нафас мегирифтанд ва ба кӯмаки фаврии тибби эҳтиёҷ надоштанд. "Мо ному насабашонро напурсидем ва намедонем аз куҷо ҳастанд" - гуфт ӯ.
Музаффар Камолов, муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар маҳалли ҳодиса буд, мегӯяд, надиданд, ки чӣ гуна зани рус ва кӯдаки 7-сола ба рӯдхонаи Кубан афтодаанд. Ба қавли Музаффар онҳо дар гузашта низ чунин кори савобе кардаанд.
“Мо надидем, ки онҳо чӣ гуна ғарқ шуданд. Як моҳ пеш дар ҳамин рӯдхона як духтари 17-соларо низ наҷот додем. Мо ин корро барои савоб кардем”- гуфт ӯ. Ҳамаи муҳоҷирон зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҳастанд.
Дар вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Адигей ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ноҳияи Тахтамукайский чунин ҳодиса сабт нашудааст, вале мумкин аст, ба сабаби осеб надидани касе шаҳрвандон ба мақомот муроҷиат накарда бошанд.
Дар гузашта ҳодисаи шабеҳе дар Маскав рух дод ва онро метавонед инҷо бихонед.