Кремлин ба суханони сенатори ИМА Ҷон Кеннеди, ки сарукор гирифтан бо мақомоти Русияро ба сарукор бо мафия нисбат додааст, вокуниш кард. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков изҳороти сенаторро "клище" ва "русофобия" номид.
"Мо дар чашм айнаки гулобӣ надорем ва медонем, ки истеблишменти сиёсии Амрико то кадом андоза таҳти фишори "русбадбинӣ" қарор дорад. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ба ин суханон сарфаҳм намеравад, зеро намедонад, ки онҳо дар замина баён шудаанд.
Ҳайъати сенаторҳои ИМА аз 30 июн то 4 июл сафареро дар маскав анҷом дод ва дар ҷараёни сафар бо вазири хориҷии Русия ва қонунгузорони ин кишвар мулоқот кард. Баъди бозгашт баъзе сенаторҳо гуфтанд, ки матбуоти Русия муҳтавои мулоқотҳоро таҳриф ва танқидҳо ба унвони Кремлинро сарфи назар кардааст.