Кибриё Юлдошева, як сокини 33-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иддао дорад, ки кормандони милисаи ноҳия ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна ва таҳқир карданд.
Ин зан ба тақаллубкорӣ гумонбар шудааст. Бинобар иттиҳом Юлдошева бо санади шахси дигар аз бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст.
Кибриё Юлдошева рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нисфирӯзии 3-уми май дар як утоқи Шӯъбаи корҳои дохилии Спитамен се корманди милиса ӯро бозпурсӣ карданд, вале қабл аз оғози бозпурсӣ “бо ин баҳона, ки ӯ дар либосҳояш дастгоҳи сабти садо надошта бошад, “маҷбур карданд, тамоми либосҳояшро бадар кунад”.
“Лучи модарзод карданд ва ҳатто ҷӯробҳоямро берун карданд. Дар утоқ костюме буд. Гуфтам, аққалан шармгоҳамро пӯшонам, иҷозат надоданд. Ба ҳамин аҳвол маро бозпурсӣ карданд” - гуфт ӯ.
Кибриё Юлдошева мегӯяд, кормандони пулис ба баданаш даст нарасонданд, вале нигоҳу рафтор ва шеваи бозпурсиашон таҳқиромез буд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки ходимони пулис шиносномаашро бидуни огоҳӣ аз ҷузвдонаш гирифтанд ва шом озодаш карданд.
Либосатро каш
Ӯ мегӯяд, дар беруни утоқе, ки мавриди бозпурсӣ қарор дошт, дастгоҳи наворбардорӣ буд ва агар онро тафтиш кунанд, ҳатман садои “либосатро каш” сабт шудааст.
Гуфтам, аққалан шармгоҳамро пӯшонам, иҷозат надоданд.
Кибриё Юлдошева ба гуфтаи худаш, фардои ҳодиса ба Душанбе рафта, аз амалкарди ғайриқонунии маъмурони милиса ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдааст. Додситонии кул арзи ӯро барои баррасӣ ба додситонии Спитамен ирсол кардааст.
Додситонии ноҳияи Спитамен ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст, вале мақомоти милиса мегӯянд, Кибриё Юлдошева ба қаллобӣ гумонбар мешавад ва иддаои ӯ дар бораи бараҳна шуданаш асос надорад. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен мегӯяд, бо гумони қаллобӣ алайҳи Юлдошева парванда боз кардааст.
Ин зан ба он гумонбар мешавад, ки бо санадҳои тақаллубӣ ва аз номи дигар нафар аз Бонки ҳамакнун муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст. Худи ӯ иттиҳомро сохта медонад ва мегӯяд, беш аз 6 ҳазор доллларе, ки қарз гирифта буд, ба бонк баргардондааст.
Иддао асос надорад
Юнус Баҳронов, сардори бахши тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен рӯзи 9-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ин зан бозпурсӣ шуд ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, вале иддаои “лучи модарзод” карданаш асос надорад. Ӯ гуфт, тафтиши дохилӣ иддаои ин занро собит накард. “Ин шикоят баррасӣ шуд ва тасдиқи худро наёфт”- гуфт ӯ.
Кибриё Юлдошева солҳо боз дар ошхонаи хусусӣ бо номи “Дунё” дар ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен кор мекунад. Соҳиби панҷ фарзанд аст ва мегӯяд, тифли се моҳаи батнашро дар пайи ин моҷаро аз даст дод. Додситонӣ ҳанӯз хулосаи худро нагуфтааст, вале бар асоси парвандае, ки алайҳи Юлдошева боз шудааст, мумкин аст, ӯро то 21 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ба ду соли зиндон маҳкум кунанд.
Шикояти як зан аз бадрафтории маъмурони милиса бараҳна кардани ӯ дар ҳузури муфаттишон дар шӯъбаи пулис кам иттифоқ афтодааст. Аммо даҳҳо марди боздоштшуда аз чунин бадрафтории маъмурони милисаи Тоҷикистон шикоят кардаанд.
Эҳтимоли бадрафторӣ зиёд аст
Коршиносон мегӯянд, эҳтимол нисбат ба дигар занон низ дар боздоштгоҳҳо чунин рафтор рух дода бошад, вале занон аз тарси беобрӯ шудан шудан дар ҷомеа чунин ҳодисаҳоро пинҳон мекунанд. Ифшои ин ҳолат занро зери фишори равонӣ мегузорад ва мумкин аст, шавҳар низ аз ӯ рӯ гардонад.
Аз сӯи дигар, аз бозпурсиҳои дағалонаи кормандони милиса шикоятҳо зиёд пахш мешавад, вале кам кам иттифоқ меафтад, ки ин шикоятҳо дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тасдиқи худро пайдо кунанд.
Аммо заноне, ки дар Тоҷикистон ба танфурӯшӣ гумонбар мешаванд, борҳо аз азияташон дар шикоят кардаанд.
Аз ҷумла, чанд моҳи пеш, дар як гузорише, ки ду созмони ҳомии ҳуқуқ барои баррасӣ ба Созмони Милал пешниҳод кардаанд, омадааст, “азияту озори танфурӯшон, нақзи ҳуқуқ ва хушунат ба зидди онҳо ҳамчунон зиёд аст” ва “назар ба ҳар каси дигар танфурӯшон аз дасти маъмурони милиса ранҷ мекашанд”.
Муаллифони гузориш маъмурони милиса дар Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки танфурӯшонро дашномҳои қабеҳ медиҳанд ва нисбат ба онҳо аз алфози зишт истифода мебаранд. Гузашта аз ин, ҳар вақте ки хостанд, бо сӯистифода аз мақом ба назди танфурӯшон мераванд ва бо таҳдиду зӯргӯӣ нафси шаҳвонии худро қонеъ мекунанд.
Кормандони “Шабакаи Шоҳ-Оим”, ки яке аз муаллифони ин гузориш аст, баъди сӯҳбат бо танфурӯшон ва намояндагони теъдоде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ маълум кардаанд, ки таҳдиду тамаъҷӯӣ, дашном ва боздошти худсаронаи танфурӯшон дар Тоҷикистон як чизи маъмулӣ шудааст.