Вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон истеъфо дод

Борис Ҷонсон

Борис Ҷонсон- вазири умури хориҷии Британия дар пасманзари амиқ шудани бесарусомонӣ дар ҳукумати нахуствазир Тереза Мэй аз мақомаш истеъфо дод.

Хабари истеъфои Ҷонсон рӯзи 9 июл, чанд соат баъд аз истеъфои Дэвид Дэвис - мақоми аршади масъул дар музокироти Брекзит - берун шудани Британия аз Иттиҳоди Аврупо, пахш шуд.

"Баъд аз зӯҳри имрӯз, нахуствазир истеъфои Борис Ҷонсонро аз мақоми вазири хориҷӣ қабул кард"- омадааст дар изҳороти дафтари Тереза Мэй.

Субҳи 9 июл Дэвид Дэвис созишҳои мушкили Мэй бо вазирони аршадаш дар умури статегияи Брекзитро танқид кард.

Истеъфоҳои ахир ҳукумати бе ин ҳам заъифи Мэйро бештар ба сӯи номуайянӣ тела медиҳад. Мэй соли гузашта ду вазирашро дар пайи ҷанҷолҳои бадрафтории ҷинсӣ аз даст дод.

Ӯ дар посух ба танқидҳои Дэвис қотеияти худро барои берун шудан аз бозори ягонаи Иттиҳоди Аврупо ва гумруки он такрор кард. Қарор аст, ки Британия то охири соли 2019 аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад.