Додгоҳе дар водии Караснодари Русия рӯзи душанбе даъвои ҷубронталабии олигархи наздик ба Кремлин Олег Дерипаска алайҳи модели Белорусия Анастасия Вашукевич - машҳӯр бо номи Настя Рибка ва шарики ӯ Александр Кириллов - Алекс Лесриро қонеъ кард.
Алексей Мелников - вакили олигарх ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки додгоҳ Вашукевич ва Кирилловро барои пахши маълумоти бидуни иҷозат аз зиндагии хусусии Дерипаска муҷрим эълон донист ва ҳар яки онҳоро ба пардохти 500.000 ҷубронпулӣ муваззаф кард.
Дерипаска дар ҷаласаи додгоҳ иштирок надошт.
28 феврал ин олигархи рус Рибка ва Леслиро барои пахши маводи марбут ба зиндагии хусусияш ба додгоҳ кашид. Он замон додгоҳ дастрасӣ ба чанд саҳифаи интернетӣ, аз ҷумла ба блоги раҳбари мухолифин Алексей Навалнийро масдуд кард.
Настя Рибка баъди навори таҳқиқотии Навалний, дар бораи эҳтимоли робитаҳои коррупсионии Дерипаска бо ноиби нахуствазири Русия Сергей Приходко машҳур шуд. Тобистони соли 2016 ин ду нафар ҳангоми саёҳат дар киштии Дерипаска гӯё мавзӯи дахолати Русия ба интихоботи Амрикоро баррасӣ карданд. Настя Рибка низ ҳамроҳ бо чанд духтари дигар аз оҷонсии эскорт дар ин кишти буданд. Рибка иддао кард, ки дар бораи ҷузъияти тарҳрезии дахолат ба интихоботи президенти ИМА маълумот дорад ва ин маълумотро аз сӯҳбати Дерипаска бо Приходлко шунидаст.
Настя Рибка ва Алекс Леслӣ бо чанд тани дигар охири моҳи феврал дар Таиланд боздошт шуданд. Онҳо дертар ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, тавтеа ва ташкили фоҳишагӣ муттаҳам шуданд.