Котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо сафаре, ки аз қабл эълон нашуда буд, ба Афғонистон рафт. Дар ин бора як мақоми ҳукумати Афғонистон, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи душанбеи 9 июл ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Аз замон таъинаш ба мақоми Котиби давлатии Амрико бори аввал аст, ки Помпео ба Афғонистон сафар мекунад. Интизор меравад, ки ӯ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ мулоқот кунад ва бегоҳи ҳамон ҳамон рӯз нишасти матбуотӣ баргузор намояд.
Амрико дар ҳайъати нерӯҳои таҳти назари НАТО, мустақар дар Афғонистон, 14 000 сарбоз дошта, дар хоки ин кишвар алайҳи ҷангиёни ДИИШ ва Ал-Қоида амалиёти зиддитеррористӣ пеш мебарад.