Гурӯҳи наҷот 8 нафарро дар замбар аз ғоре дар Таиланд берун оварданд ва ба бемористонҳо интиқол доданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 9 июл гузориш дод. Дар ғор 5 нафари дигар боқӣ мондааст ва ғаввосҳо барои берун овардани онҳо талош доранд.
Рӯзи душанбе амалиёти наҷоти гурӯҳи писарҳо ва мураббии 25-солаи онҳо оиди футбол, аз сар гирифта шуд. Reuters ин хабарро бо такя ба раҳбари амалиёти наҷот дар ғори Кҳао Луанг, воқеъ дар вилояти шимолии Чианграй, пахш кард. Нуҳ узви тими "Хукҳои ваҳшӣ" ҳарнӯз дар ғор боқӣ мондаанд. Рӯзи якшанбе ғаввосҳои хориҷӣ ва таиландӣ чаҳор нафарро берун оварданд. Онҳо беш аз 2 ҳафта дар ин ғор буданд.
Писарҳои аз 11 то 16-сола ва мураббии онҳо, ки рӯзи 23 июн дар ин ғор саёҳат доштанд, ба думболи борони шадид ва пур пушани ғор натавонистанд аз он берун раванд ва аз ҷаҳони беруна бурида шуданд.
Дар бораи ному насаби раҳошудаҳо иттилое пахш нашудааст.