Бародари раиси ҷумҳурро ба ҷиноят муттаҳам карданд

Серж Саркиссиён ва бародараш Левон Саркиссиён

Мақомоти Арманистон мегӯянд, бародари Серж Саркиссиён раиси ҷумҳури собиқро расман ба ҷиноятҳои молӣ муттаҳам кардаанд. Хадамоти Таҳқиқоти Махсуси Арманистон рӯзи 7-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки Левон Саркиссиён, писараш Нарек ва духтараш Анӣ ба тиҷорати ғайриқонунӣ муттаҳам шудаанд.

Левон ва Анӣ Саркиссиён ба тақаллубкорӣ ҳам муттаҳам шудаанд ва мақомот мегӯянд, додгоҳ амри боздошти падаршонро содир кардааст. Никол Пашиниён, баъди интихобаш ба мақоми нахуствазир дар рӯзи 8-уми май эълон кард, ки фасоду ришвахориро дар Арманистон решакан мекунад.