Умеди тими миллии футболи Русия барои рафтан ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол бо шикаст аз тими милли Хорватия бо ғаму гиря ба поён расид. Айни замон раҳбарони кишвар, мардум оддӣ ва мухолифони давлат барои ҳунарнамоии хуб ба футболбозони кишварашон изҳори сипос карданд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи 8-уми июл гуфт, бо вуҷуди шикаст аз футболбозони Хорватия дар зарбаҳои 11 метрӣ аз тими миллии Русия ифтихор мекунад.
Дастаи Русия бозӣ бо Хорватияро бо ҳисоби 2 бар 2 хотима дод, вале дар зарбаҳои 11 метрӣ бо ҳисоби 4 бар 3 бохт. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, ки бозиро дар телевизион тамошо мекард, бозигарони кишварро “қаҳрамон” мешуморад.
“Раиси ҷумҳур бозиро тамошо кард. Мо дар бозии одилона ва бисёр хубе бохтем. Бо вуҷуди онҳо бачаҳои фавқуллода ва қаҳрамонанд. Онҳо дар майдон ҷонфидоӣ мекарданд ва мо бо онҳо мефахрем” - гуфтааст, Дмитрий Песков.
Тими миллии Русия гуфт, ки “бо ашк дар чашмон, вале бо сари баланд” мусобиқотро тарк мекунад.