Мавҷи гармии бесобиқа дар Канада ҷони 54 нафарро гирифта ва бархеи дигарро дар бемористон бистарӣ кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Канада, дар як ҳафтаи охир 54 нафар аз афроди асосан калонсол дар зери таъсири гармои шадид ҷон бохтаанд. Масъулони Вазорати танадурустии Канада рӯзи 6-уми июл дар эъломияе гуфтанд, бештари инҳо афроди аз 65-сола боло ва бархеашон бемор буданд.
Дар ҷараёни як ҳафтаи гузашта ҳарорати ҳаво дар Квебек ва Монтреал то 45 дараҷа боло рафт. Як корманди идораи ҳифзи муҳити зисти Канада гуфтааст, шиддати гармо дар рӯзҳои оянда коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳам ҳушдор додааст, ки то 10-уми июл ҳаво дар кишвар аз марзи чиҳил дараҷа хоҳад гузашт. Мақомот аз сокинон, бахусус беморони қалб, хостаанд, ки бе зарурат аз хона берун наоянд, чун мумкин ҳарорати тоқатфарсо сабаби нафастангӣ ва авҷ гирифтани бемориҳояшон шавад.
Масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин гармӣ аз тарафи Эрон ва тавассути Туркманистону Узбекистон ва шимоли Афғонистон меояд.