Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дархости ду устоди Донишгоҳи омӯзгориро барои гирифтани унвони дотсент рад кард. Масъулони ВАК-и Тоҷикистон гуфтанд, ки дар асноди Нурхон Гадоев ва Гуландом Рустамова чанд хаторо ошкор намуданд. "Назорат дар ин самт ҷиддӣ шудааст ва танҳо пас аз ҷавобгӯ будан ба талабот, муҳаққиқон соҳиби унвони илмӣ хоҳанд шуд", - гуфт як мақоми Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
- Санҷиши рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон баъди он ҷиддӣ гирифта шуд, ки “Диссернет” – як пойгоҳи хусусӣ дар Русия – рисолаҳои бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дод. Ин пойгоҳ номи беш аз 30 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овард, ки дар матни рисолаҳои илмиашон плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудааст.
“Мақолааш – куҳна"
Ё Комиссияи олии аттестатсионӣ воқеан назоратро пурзӯр кардааст ва ё масъулини ВАК-и тоҷикӣ то ҳол ба худ бовар надоранд
Имомалӣ Сайёдов, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии ВАК-и Тоҷикистон, вуҷуди чанд мушкил дар асноди Нурхон Гадоев ва Гуландом Рустамоваро аз сабабҳои аслии надодани унвони илмӣ арзёбӣ кард. Аз ҷумла, ин масъули Комиссияи олии аттестатсионӣ гуфт, тибқи муқаррарот бояд ҳар довталаби унвони дотсент дар панҷ сол се мақолаи илмӣ чоп кунад. "Аммо таҳқиқи мо маълум кард, ки яке аз се мақолаи Гуландом Рустамова аллакай куҳна шудааст", - афзуд ӯ.
Инчунин, ба қавли Сайёдов, "варақаи шахсиро ҳеҷ вақт тариқи электронӣ пур намекунанд ва он бояд тариқи дастнавис пур карда шавад. Аммо Нурхон Гадоев варақаи шахсиашро на тариқи дастнавис, балки электронӣ пур кардааст. Ҳамчунин, дар фармони Нурхон Гадоев хатои зиёд дида мешавад."
Ин масъули Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон гуфт, ду устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ бо ислоҳи камбудҳо ҳақ доранд, дубора барои гирифтани унвони илмӣ муроҷиат кунанд.
Нурхон Гадоев дар мавзӯи лексикаи лаҳҷавии Тагнов ва Гуландом Рустамова дар мавзӯи забоншиносӣ чанд соли қабл унвони номзади илмӣ ҳимоя кардаанд.
"Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, чӣ хел хато будааст?"
Санадҳоро аз рӯи нишондоди масъулони шӯроҳои илмӣ таҳия мекунем. Дар ниҳоят маълум мешавад, ки дуруст набудааст. Пас, онҳо худашон намефаҳманд.
Ин аввалин ҳолате нест, ки Комиссияи олии атестатсионӣ дархости унвонҷӯёнро рад мекунад. Аз ҷумла, моҳи майи имсол ВАК-и Тоҷикистон рисолаҳои илмии чаҳор унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад карда буд. Аммо бархе муҳаққиқоне, ки ВАК ба онҳо унвони илмӣ надодааст мегӯянд, ба тасмими ин ниҳод розӣ нестанд.
Нурхон Гадоев, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфт, тибқи қоида ҳуҷҷатҳояшро омода кард, аммо дар ниҳоят ба ӯ унвони илмии дотсент надодаанд. Ин бори дувум аст, ки Нурхон Гадоев, омӯзгори 71-солаи тоҷик дар гирифтани унвони илмии дотсент ноком мешавад.
Бори нахуст ӯ соли 2016 ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани унвонӣ илмӣ ба Маскав ирсол кардааст. Он замон низ ба қавли Гадоев бо сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ аз додани унвони илмӣ ба ӯ худдорӣ карданд. Ин омӯзгори собиқадори тоҷик мегӯяд, агар воқеан дар ҳуҷҷатгузорӣ мушкил вуҷуд дорад, пас, дар ин кор на ӯ балки масъулини шӯроҳои ҳимоя муқассир ҳастанд.
“Мо аз рӯи нишондоди масъулони шӯроҳои илмӣ ҳуҷҷатҳоро таҳия мекунем. Дар ниҳоят маълум мешавад, ки дуруст набудааст. Пас, онҳо худашон намефаҳманд. Агар бифаҳманд, чунин намешавад”, - гуфт ин омӯзгори тоҷик. Нурхон Гадоев мегӯяд, 48 сол аст, ки омӯзгор буда, соҳиби ду китоб ва ду монографияи илмист, ки донишҷӯён аз рӯзи онҳо дарс мехонанд.
“ВАК-и Русия унвон надод, чаро мо бидиҳем?”
Дар ҳамин ҳол, бархе нафарони наздик ба доираҳои илмӣ мегӯянд, ВАК-и Тоҷикистон аз додани унвон ба онҳое, ки қаблан натавонистанд аз Русия дараҷаи илмӣ бигиранд, худдорӣ мекунад. Ин кор ба қавли ҳамсуҳбати мо аз ду чиз гувоҳӣ медиҳад: “Ё Комиссияи олии аттестатсионӣ воқеан назоратро пурзӯр кардааст ва ё масъулини ВАК-и тоҷикӣ то ҳол ба худ бовар надоранд. Шояд бигӯянд, ки вақте ВАК-и Русия ба инҳо унвони илмӣ надодааст, чаро мо бояд бидиҳем?”
Унвони илмӣ дар Тоҷикистон агар барои бархе мояи ифтихор аст, барои гуруҳи дигар василае барои боло бурдани маош шудааст. Бархе омӯзгорон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мегӯянд, бе доштани унвони илмӣ маоши онҳо ночиз аст ва талошашон ҳам барои гирифтани дараҷаи илмӣ гирифтани ҳақмузди бештар аст.
Унвони илмӣ танҳо барои гирифтани маоши баланд?
Феълан барои як омӯзгори беунвон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 800 сомонӣ пардохт мешавад. Аммо ин маблағ дар ҳолати доштани унвони илмии дотсент ба 1500 ва барои профессор наздики се ҳазор сомонӣ боло меравад.
Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар ҳоле ба устоди донишгоҳ унвони илмӣ намедиҳад, ки тӯли дар ду моҳи гузашта вазъи илми тоҷик ба яке аз мавзӯъҳои доғ дар расонаҳо табдил ёфта буд. Бахусус пас аз онки пойгоҳи русии “Диссернет” беш аз 30 олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кард, огоҳон аз роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ ба илми тоҷик бонги изтироб заданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон воқеан мехоҳанд, аз чунин маъракаи саросарии ба асардуздӣ муттаҳам шудани олимон ҷилавгирӣ шавад, бояд аз оғоз дар додани рисолаҳои илмӣ сахтгир бошанд.