Дар нишасти ИМА ва Русия дар Ҳелсинки, ки ба таърихи 16 июл барномарезӣ шудааст, прзидент Доналд Трамп мехоҳад нахуст бо Владимир Путин як ба як мулоқот кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 2 июл бо такя ба манбаи наздик ба Трамп хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, мулоқоти танҳо ба танҳо бояд то ҳамроҳ шудани ёварони раисони ҷумҳур ба гуфтугӯ баргузор шавад.
Мулоқот дар Финландия аввалин дидори расмии раисони ҷуҳмури ИМА ва Русия дар сатҳи олӣ аст.Трамп ва Путин дар гузашта дар долонҳои нишастҳои байналмилалӣ бо ҳам мулоқот кардаанд.
Дар ҷараёни мулоқоти таърихии худ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун, Трамп нахуст бо ӯ як ба як ва танҳо бо ҳузури тарҷумҳонҳо гуфтугӯ кард. Ӯ баъдан ба хабарнигорон гуфт, ки мулоқот " бисёр хуб" гузашт. Дар мавриди Путин бошад ӯ гуфтааст, мехоҳад вақти бештарро барои рушди равобит ду раҳбар сарф кунад, - гуфт манбае, ки бо барномаи мулоқотҳо ошноӣ дорад.