Дар шаҳри Порис бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва ба ҳадафи муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон, маҳфили фарҳангӣ доир гардид. Ин маҳфили фарҳангӣ рӯзи 29-уми июн дар ҳамкорӣ бо Анҷумани тоҷикони Фаронса --"Равзана" баргузор шуд ва дар он ҳунарманди маъруф Давлатманд Холов ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шавқатҷон Оқилов ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин барномаи ҳунарӣ намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, дипломатҳои хориҷӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ширкат кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабинро муаррифии бештари кишвар дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", гуфтааст. Дар Тоҷикистон соли 2018- "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълом шудааст.