Федератсиюни Байналмилалии Футбол ва ё ФИФА Русия ва Сербистонро барои рафтори мухлисонашон ҳангоми бозиҳои ҷоми ҷаҳонии имсола танбеҳ дод.
ФИФА рӯзи 30-уми июн гуфт, ки Федератсияи футболи Русия бояд барои амалкарди мухлисони рус, ки ҳангоми бозии кишвар бо Уругвай шиори миллатгароёнаро нишон доданд, 10 ҳазор доллар ҷарима бипардозад.
Дар ин бозӣ дар шаҳри Самара Русия 3 бар 0 бохт. Дар шиор рақами 88 буд, ки онро фашистони нав ба ҷойи Ҳайл Ҳитлер ба кор мебаранд.
Федератсиюни футболи Сербистон бояд 20 ҳазор доллар ҷарима бидиҳад, зеро мухлисон аз он кишвар ҳангоми бозии тими миллии Сербистон бо Бразилия шиореро намоиш доданд, ки аз як гурӯҳи миллатгароёни дар замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ситоиш мекард. Сербистон дар ин бозӣ дар Маскав аз Бразилияи ду гол хӯрд.