Давлати Покистон мегӯяд, мӯҳлати бозгардонидани маҷбурии тақрибан 2 миллион паноҳандаи афғонро дароз кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳурии Покистон рӯзи 30-уми июн гуфт, “мӯҳлати бозгардонидани паноҳҷӯёни сабтшуда дар кишварро барои се моҳи дигар дароз кард”.
Ҳукумати Покистон соли гузашта эълон кард, ки ҳамаи паноҳандагони афғон бояд ба кишварашон баргарданд, аммо аз он замон то кунун се дафъа мӯҳлати бозгашташонро тамдид кард. Охирин мӯҳлат рӯзи 30-уми июн ба поён расид.
Барои бисёре аз паноҳҷӯёни афғон Покистон ба ягона маҳалли зиндагӣ табдил шудааст. Онҳо сар аз солҳои 80-ум дар замони ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон ба Покистон паноҳ бурданро шурӯъ карданд ва бисёре аз онҳо ба далели ноамнӣ дар Афғонистон бозгаштан намехоҳанд.