Лавров: Русия аз таҳримҳои Ғарб мустақил буданро омӯхт

Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ки кишвараш дар пайи таҳримҳои ҷорикардаи Ғарб ҳарчи бештар мустақил буданро омӯхт. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир низ Русия бо кишварҳои аврупоӣ робитаи тиҷоратӣ дорад.

Лавров рӯзи 29-уми июн дар суҳбат бо шабакаи бритониёии Channel 4 News гуфт, пас аз таҳримҳои соли 2014 Русия зарфияти ҳарбӣ ва иқтисодӣ, бахусус дар он бахшҳое, ки барои давлат ва мардум зарурист, боло бурд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, солҳои охир ба ин натиҷа расидаанд, ки дар баъзе бахшҳои муҳим ҳеҷ гоҳ ба кишварҳои ғарбӣ такя накунанд. “Ҳаргиз набояд ба фанновариҳои Ғарб такя кард, чун ҳар лаҳза метавонад аз кор бимонад. Набояд ба воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ба Ғарб пойбанд шуд, чун ҳар замон метавонад содироташ қатъ шавад”, - гуфтааст Сергей Лавров.

Ӯ афзудааст, таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия додугирифт миёни Маскаву Ғарбро то панҷоҳ дарсад коҳиш дод.

Бо ин ҳол, гуфт Лавров, Аврупои Ғарбӣ яке аз шарикони тиҷоратии Русия боқӣ монда, додугирифт бо онҳо ба беш аз 250 миллиард доллар мерасад.