Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки оташбаси якҷониба бо Толибон ба поён расид ва барои баргузории амалиёти низомӣ ба нирӯҳои амниятиву дифоии ин кишвар иҷоза дод.
Ӯ рӯзи 30-уми июн дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳар вақте ки Толибон оташбас бихоҳанд, ҳукумат омода аст.
“Ҳар вақте ки Толибон оташбас мехоҳанд, ман ба ин омода ҳастам. Ва хатми ҷанг яке аз талабҳои мардум аст. Толибон метавонанд муҳлати оташбасро таъйин кунанд: Даҳ рӯз мехоҳанд ё як сол. Аммо агар ҳамла карданд ва ҳуҷум сурат гирифт, нерӯҳо ҷавоби сангин хоҳанд дод.”
Оташбаси муштараки ҳукумати Афғонистон ва Толибон се рӯз – аз 15 то 17-уми июн – дар рӯзҳои таҷлил аз иди Рамазон идома кард. Баъди он Толибон муҳлати оташбасро тамдид накарданд. Вале ҳукумати Афғонистон яктарафа муҳлати оташбасро барои даҳ рӯз дароз намуд.
Ашраф Ғанӣ дар нишасти рӯзи шанбе гуфт, оташбас дар рӯзҳои ид нишон дод, ки мардуми Афғонистон сулҳ мехоҳанд ва аз Толибон хост, ба талаби мардум посухи мусбат диҳанд.