Фағонӣ: "Эрон ҳеч гоҳ дар қиболи дӯстӣ бо Тоҷикистон тардид накардааст"

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе, кишварашро яке аз миёнҷигарони аслӣ ва кафилони сулҳи Тоҷикистон ном бурдааст.

Ӯ дар паёми бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ ва имзои Созишномаи сулҳ, ки рӯзи 27-уми июн таҷлил шуд, гуфтааст, “нақши мусбати Эрон дар амалӣ шудани оштии миллии тоҷикон бар касе пӯшида нест. Ва борҳо дар тайи ду даҳаи гузашта мавриди тасдиқи мақомот ва бузургони Тоҷикистон қарор гирифтааст.”

Ӯ афзудааст, ҷониби Эрон бовар дорад, ки амнияту шукуфоии кунунии Тоҷикистон маҳсули ҳамон ваҳдати миллӣ ва ҳамдилист.

“Умедворем, ин кишвари ҳамкеш, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг бо сарлавҳа қарор додан ва пайгирии ҷиддии усули тилоии ваҳдат ҳамчунон бо дасти рад задан ба синаи мунодиёни тафриқагароӣ, масири тавсеа ва суботро бидуни таваққуф бипаймояд”, - гуфтааст сафири Эрон.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар идома афзудааст, “Эрон ба унвони кишваре, ки лаҳзае дар қиболи дӯстӣ ва бародарӣ бо Тоҷикистон тардиду диранг нанамудааст, ваҳдатро ба манзалаи калиди муваффақият на танҳо барои мардуми тоҷик, балки тамоми ҳампайвандон ва хешовандони минтақавӣ ва мусулмонони ҷаҳон медонад.”

Паёми сафири Эрон дар ҳолест, ки Душанбеву Теҳрон тақрибан се сол боз давраи мушкили муносиботро паси сар мекунанд. Қаблан Душанбе Эронро барои ҳимоят ва сармоягузории ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли афроди саршинос дар замони даргириҳои дохилӣ ва баъди он муттаҳам кардааст.

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз он сард шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" ба Теҳрон даъват шуд ва аз ҷумла бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтӯгуи кӯтоҳе кард. Конфронс моҳи декабри соли 2015, се моҳ баъд аз мамнӯъ шудани ин ҳизб дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба ташкили ошӯби моҳи сентябри соли 2015 муттаҳам медонанд.