Мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, аз соли 2011, аз оғози ҷанг дар Сурия, 150 шаҳрванди Қирғизистон, ки ба сафи гурӯҳи тундрави ДИИШ шомил буданд, дар қаламрави ин кишвари Ховари Миёна кушта шуданд.
Канҷарбек Бақоев, ноиби раҳбари Маркази зиддитеррористии Қирғизистон, рӯзи 28 июн ба қонунгузорони ин кишвар гуфт, ки дар чанд соли ахир 850 шаҳрванд ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" гаравид.
Бақоев гуфт, ки аз рӯи ҳалокати ҳар шарванди Қирғизистон дар Сурия тафтиш оғоз шудаааст.
Мақомоти Қирғистон дар гузашта теъдоди умумии шаҳрвандонро, ки ба ДИИШ пайваста буданд, 600 нафар ва кушташудаҳоро 60 нафар гуфта буданд.