Туркия даъвати ИМА-ро барои манъи харидории нафти Эрон рад кард

Ниҳод Зейбекчӣ

Туркия рӯзи 27 июн гуфт, ки ба даъвати Амрико аз кишварҳо, барои манъи харидории нафти Эрон эътибор намедиҳад ва ин даъватро ғайри иҷборӣ медонад.

"Мо дар ҳоле инро пайгирӣ мекунем, ки агар Созмони Милали Муттаҳид дар ин робита қароре содир кунад, таҳрим ҷорӣ кунад"- гуфт Ниҳод Зейбекчӣ вазири иқтисоди Туркия.

Вашингтон рӯзи 26 июн ба шариконаш ҳушдор дод, ки то 4 ноябр ба воридоти нафти Эрон ҳатман хотима гузоранд ё дар чаҳорчуби таҳримҳое, ки ИМА алайҳи Эрон дубора ҷорӣ мекунад, муҷозот мешаванд.

Туркия, ки ахиран дар заминаи барномаи харидории сохтори зидди мушакии S-400-и Русия ба таҳдиди Амрико рӯ ба рӯ шуд, ба ҳамсояаш Эрон нигоҳи хайрхоҳона дорад ва аз он пуштибонӣ мекунад.

"Мо таваҷҷуҳ хоҳем кард, ки ба Эрони барои мо дусту бародар бархурди ғайриодилона сурат нагирад"- навиштааст хабаргузории Анадолу аз қавли Ниҳод Зейбекчӣ.