Додгоҳи олии ИМА аз фармони президент Трамп оид ба муҳоҷират, ки вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусулмоннишин ба Амрикоро манъ мекунад, ҷонибдорӣ кард.
Фармон ба зодагони Эрон, Яман, Либия, Сурия ва Сомалӣ дахл хоҳад дошт, ки ҳаққи будубош ё дарёфти раводиди ИМА-ро надоранд.
Додраси Додгоҳи олии ИМА Ҷон Роберт рӯзи гузашта гуфт, мақомот барои ҷонибдорӣ аз ин амр ба андозаи кофӣ асосҳоеро ироа карданд.
Доналд Трамп дар шарҳи қарори Додгоҳи олии ИМА гуфт, он пирӯзии бузурги мардуми Амрико ва Конститутсия аст.
Аз 9 додраси Додгоҳи олии ИМА 5 нафар фармони Трампро конститутсионӣ ва 4 тани дигар ғайриқонунӣ номиданд. Ҷон Роберт дар ниҳоят гуфт, фармони Трамп "комилан дар доираи салоҳиятҳои президент" аст. Вале дасти кам се додрас - Стивен Брейер, Елена Каган ва Соня Сотомайор гуфтанд, ки фармон зидди мусулмонҳост.
Трамп амри мазкурро моҳи марти соли 2017 имзо кард. Он миёни амрикоиҳо, аз ҷумла мансабдорон ва мақомоти иёлатҳо эътирозҳои оммавиеро ба бор овард. Моҳи сентябр додгоҳи минтақавӣ иҷрои фармонро манъ кард. Аз ҷумла, қарори манъи вуруди хешовандони шаҳрвандони ИМА бекор карда шуд. Вале Додгоҳи олӣ фармонро дубора барқарор кард.