Иванов аз имзои санади тағйири номи кишвараш даст кашид

Георги Иванов

Георги Иванов, президенти Македония, аз имзои созишнома бо Юнон барои тағйири номи ин ҷумҳурӣ ба “Македонияи Шимолӣ” худдорӣ кард.

Ҳукумати Македония рӯзи 26-уми июн гуфт, созишнома дар мавриди тағйири номи ин ҷумҳурии Югословияи собиқ, ки эҳтимол ба муноқишаи 27-сола бо Юнон нуқта мегузорад ва роҳи кишварро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО боз мекунад, ғайриконститутсионӣ аст.

Аз ин пеш, рӯзи 19-уми июн порлумони Македония созишномаи тағйири номро қабул кард. Ба ҷонибдории созишнома 69 вакил раъй дод, дар ҳоле ки раъйи 61 вакил кофӣ буд.

Агар порлумони Македония бори дувум барои ҷаласа ҷамъ шавад ва қарордоди тағйири номи кишварро дубора қабул кунад, он вақт Георги Иванов наметавонад аз имзои санад худдорӣ намояд. Сухангӯи порлумони Македония гуфтааст, қонунгузорон эҳтимол ҳафтаи оянда дубора ин масъаларо баррасӣ кунанд.

Баҳс сари номи Македония соли 1991 замоне бархост, ки Югославия пош хӯрд ва Македония истиқлоляти худро эълон кард. Ин кишвар гуфт, ки номаш Ҷумҳурии Македония мешавад.

Юнон бо ин ном мухолифат кард ва гуфт, ин кишвари ҳамноми як вилояти таърихӣ рӯзе метавонад бо Юнон барои соҳибӣ ба қаламрав вориди баҳс шавад.