Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳангоми суханронӣ дар гашти низомии бахшида ба 100- солагии нерӯҳои мусаллаҳ бо лаҳни шадид гуфт, ки Қарабоғ қаламрави Озарбойҷон аст ва Боку ишғоли онро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунад.
Раҳбари тӯлонии Озарбойҷон рӯзи 26 июн мисли гузаштаҳо қавл дод, ки Озарбойҷон назораташро бар Қарабоғи Кӯҳӣ барқарор мекунад. Ӯ гуфт, "мо тарафдори ҳалли мусолиҳатомези низои Қарабоғ ҳастем, аммо арманиҳо бояд дарк кунанд, ҳеҷ пойгоҳи низомӣ ё стратегие вуҷуд надорад, ки артиши Озарбойҷон натавонад онро хароб кунад".
"Ҷанг тамом нашудааст. Танҳо як марҳилааш ба охир расидааст"- афзӯд президент Алиев.
Озарбойҷон ва Арманистон солҳо боз бар сари минтақаи Қарабоғи Куҳӣ, ки қаламрави Озарбойҷон аст, вале онро нерӯҳои таҳти ҳимояи Арманистон дар ҷараёни ҷанг авоили солҳои 90-ум ишғол карданд, бо ҳам душманӣ доранд. Дар ин ҷанг, қабл аз эълони отшабас дар соли 1994, беш аз 30 ҳазор инсон қурбон шудааст.