Дар Қазоқистон аз 1-уми июли имсол ҳаҷми нафақаи ҳар як шаҳрвандро ба таври инфиродӣ (алоҳида) муайян хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, Қазоқистон ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз таҷрибаи корияшон як хел нафақа пардохт мекунад.
Вале моҳи оянда ҳангоми пардохти нафақа таҷрибаи кории шаҳрванд ба инобат гирифта мешавад. Дар ин бора муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Светлана Жакупова иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, "нафақа бар асоси ҳаҷми имрӯза муайян карда мешавад. Он 54%-и даромади ҳадди ақалро ташкил медиҳад. Агар собиқаи кории нафақахӯр аз 10 сол кам бошад, пас, он дар ҳаҷми имрӯза - 54%-и даромади ҳадди ақал боқӣ хоҳад монд. Агар давраи кории шахс аз 10 сол болост, ба сари ҳар сол 2% зам карда мешавад".
Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир, дар Қазоқистон беш аз ду миллион нафар нафақахӯранд. Тибқи пешбиниҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон, танҳо нафақаи 44%-и онҳо ба 100%-и даромади ҳадди ақал баробар хоҳад буд.