Э.Раҳмон ба густариши дӯстӣ бо Узбекистон даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар сафари кориаш ба вилояти Суғд ба густариши дӯстӣ бо Узбекистон даъват кард. Ӯ рӯзи 25-уми июн аз сокинони ноҳияи Шаҳристон хост, ки бо узбекистониҳо ҳамкориҳои дӯстонаву тиҷоратӣ ба роҳ монанд.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дӯстии мардуми ду кишвар аз қарнҳо пеш шуруъ шудааст. Ба қавли ӯ, кишварҳое, ки дорои сулҳу субот ҳастанд, рушд мекунанд ва соҳиби нуфуз мешаванд.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ду баробар афзудааст. Ҳаҷми гардиши мол дар ин давра 94 миллион долларро ташкил додааст.