Вазорати кишоварзии Қазоқистон эълон кард, ки бо ошкор шудани бемории зукоми паранда воридоти маҳсулоти 36 корхонаи парандапарварии Русияро манъ кард. Ба маълумоти вазорат, дар ҳудуди се вилояти Русия - Курск, Пензен ва Самара зукоми паранда ошкор шудааст.
"Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ дар доираи иҷрои сиёсати давлатӣ дар самти амнияти маҳсулоти ғизоӣ аз 21 июни соли 2018 воридоти мурғи зинда, тухму гӯшт, дар умум тамоми маҳсулоти мурғиро ба Қазоқистон манъ кард", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Воридоти ғизои паранда ва парандаҳои шикоршудае ба Қазоқистон манъ карда шудааст, ки аз коркарди махсус нагузаштаанд. Қарори ахири Вазорати кишоварзии Қазоқистон ҳамчунин ба воридоти таҷҳизоте аз вилоятҳои мазкури Русия дахл дорад, ки барои нигаҳдорӣ, қассобӣ ва поксозии парандаҳо истифода мешаванд.
Зукоми паранда яке аз ангал ё вирусҳои бемории парандаҳост, ки зуд сироят мекунад. Парандаҳое, ки ба он гирифтор мешаванд, бояд зуд маҳв карда шаванд. Ин ангал ба одамон низ хатар дорад.