Ҷаласаи ғайрирасмии ИА оиди муҳоҷират дар Брюссел анҷом ёфт

Ҷаласаи раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел. 24 июни соли 2018

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел эътироф кард, ки гумон аст 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар саммити қарибулвуқӯъи бахшида ба сиёсати муҳоҷират забони муштарак пайдо кунанд.

Дар остонаи нишасти ғайрирасмии раҳбарони як қатор кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, рӯзи якӯшанбе дар Брюссел Меркел гуфт, ки умедвор аст дар робита ба масоили муҳоҷират созишҳои дуҷониба ва сеҷониба ҳосил шаванд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, бӯҳрони муҳоҷират дар Иттиҳоди Аврупо ба бӯҳрони сиёсӣ табдил шудааст. Масъалаи муҳим на танҳо ҳимояи марзҳои ИА, балки равандҳои муҳоҷират дар дохили худи Иттиҳод аст. Италия, ки бандарҳои худро барои қоиқҳои ҳомили паноҳандагон бастааст, аз ҷумла ислоҳоти сиёсати муҳоҷиратро талаб дорад. Як идда кишварҳои Аврупои Марказӣ ба барномаи ҷойгир кардани муҳоҷирон дар қаламравҳои худ комилан мухолифанд.

Набуди созиш дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мавқеи Меркелро дар Олмон, ки масъалаи муҳоҷират метавонад роҳро ба бӯҳрони ҳукумат боз кунад, заъиф кардааст.