Муфтии Маскав зодаи Тоҷикистонро бо медал қадрдонӣ кард

Фарзон Салимов

Маҷмаи руҳониёни мусалмон, як созмони динӣ дар Русия, пас аз се моҳи сӯхтори маргбор дар Кемерово, зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимовро бо медали “Барои кӯшиш ва хидмати шоён” қадрдонӣ кард.

Фарзон Салимов рӯзи 25-уми марти имсол барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхтор дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово кумак карда буд. Дар ин сӯхтор шаст нафар, аз ҷумла чиҳил кӯдак ҷон бохтанд. Бино моҳи майи имсол тахриб карда шуд.

Ӯ рӯзи 24-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Маҷмаи руҳониёни мусалмони Русия медали "Барои кӯшиш ва хидмати шоён"-ро чаҳор рӯз пеш тақдим кардааст. "Ин медал бо фармони муфтӣ Албир-ҳазрат Крганов ба ман дода шуд", - гуфт Фарзон Салимов.

Фарзон Салимов бо Александр Бастрикин

Дар Маҷмаи руҳониёни мусалмони Русия низ гуфтанд, "мо аз мардонагӣ ва рафтори хайрхоҳонаи бародарамон, ки ҳангоми сӯхтор ба ҳайси мусалмони ҳақиқӣ одамонро наҷот дод, қадрдонӣ кардем."

Фарзон Салимов масъули яке аз фурӯшгоҳҳои либосу пойафзол дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” буд. "Вай яке аз онҳое буд, ки дар наҷоти одамони бандмонда дар бино ёрӣ дод. Фарзон Салимов ва ҳамроҳаш Муҳаммад одамонро бо роҳи кӯтоҳтаре ба берун роҳнамоӣ карданд ва аз ин тариқ даҳҳо нафарро наҷот доданд", - гуфтанд дар Маҷмаи руҳониёни мусалмони Русия.

Ин созмони динӣ дар як нома ҳам гуфтааст, аз чунин рафтори Фарзон Салимов меболад. "Бигзор, Худованд дар ҳарду ҷаҳон барояш подоши нек бидиҳад", - гуфта шудааст дар нома.

Фарзон Салимов бо ҳамкорон

Аз ин пеш Кумитаи тафтишотии Русия низ аз Фарзон Салимов барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхтор дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово қадрдонӣ карда буд. Александр Бастрикин – раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия – охири моҳи марти имсол бо Фарзон Салимов ва се нафари дигар мулоқот кард ва гуфт, ин афрод ҷони худро дар хатар гузошта, ба одамон ёрӣ доданд ва қаҳрамонии воқеиро ба намоиш гузоштанд.

Сӯхтори рӯзи 25-уми март дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" дар Кемерово беш аз 60 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Додгоҳи Кемерово дар заминаи сӯхтор баъзе аз масъулони маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-ро боздошт кард. Ба фарзияи тафтишот, бино аз чораҳои бехатарӣ бархӯрдор набуд ва кормандони бахши амният натавонистанд мардумро бо шеваҳои ҳирфаӣ аз бино берун баранд.

Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар маҷмуъ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон саҳм гузоштаанд. Ин панҷ нафар, ки корманди мағозаи либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун кашидаанд.

Яке аз онҳо Фарзон Салимов буд, ки зодаи шаҳри Душанбе аст ва соли 2003-юм ба Русия рафтааст. Ӯ гуфт, пас аз хатми донишгоҳ барои кору зиндагӣ ин кишварро интихоб кард ва ҳоло шаҳрвандии Русияро гирифта, бо зану се фарзандаш дар шаҳри Кемерово ба сар мебарад.