Сохтмони “Талко Голд” – ширкати вобаста ба корхонаи алюминиюми тоҷик – бо сармояи Чин дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, ки корхона дар якуним соли оянда ба фаъолият пардохта, дар навбати аввал истеҳсоли 1,5 тонна тило ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар назар аст.
- То кунун кони тиллои Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои “Зарафшон” ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд.
Дар чанд соли охир Чин ба шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон табдил шуда, ҳар ду кишвар ҳамасола ба беш аз 2 миллиард доллар додугирифт мекунанд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари шашрӯзааш ба вилояти Суғд, ки аз ноҳияи Айнӣ шуруъ шуд, ба сохтмони ин корхона оғоз бахшидааст. Ба иттилои манбаъ, баробари ба истифода додани корхона, Тоҷикистон аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъди Чин ва Русия қарор хоҳад гирифт.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи саҳмияҳои корхона ва пули сохтмонаш иттилоъ надодааст. Аммо қаблан баъзе аз манобеъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки панҷоҳ дарсади саҳмияи корхона дар ихтиёри Чин буда, барои бунёдаш дар маҷмуъ 200 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.
Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, Тоҷикистон аз захираҳои ғании маъдан бархӯрдор аст, аммо ба танҳоӣ наметавонад аз онҳо истифода кунад. Онҳо аз мақомот ва ҷониби Чин хостанд, ки ба иҷрои ин тарҳ бештар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷалб шаванд.
Дар гузашта Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “Талко” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон барои кумак дар ҳоли бӯҳронӣ ба ширкати алюминийи кишвар конҳои маъданҳои нодир дар ноҳияи Айниро дар ихтиёр гузошт.
Ҳамчунин ҳукумати кишвар иҷоза додааст, ки “Талко” барои ҷалби сармояи хориҷӣ то 50 дарсади саҳмияҳои “Талко Голд”-ро дар ихтиёри маблағгузорони хориҷӣ гузорад ва аз бархе сабукиҳои молиётӣ низ бархӯрдор шавад.
Ширкатҳои Чин ба захираҳои қаъри замин дар Тоҷикистон, аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷуҳи хос доранд. То кунун кони тиллои Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои “Зарафшон” ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд.
Дар чанд соли охир Чин ба шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон табдил шуда, ҳар ду кишвар ҳамасола ба беш аз 2 миллиард доллар додугирифт мекунанд.
Бештаре аз корхонаҳои муштараки тавлиди семент дар Тоҷикистон низ бо сармояи Чин сохта шудаанд.
Феълан Тоҷикистон аз Чин беш аз 1,2 миллиард доллар қарздор мебошад.