Қатли як зан ба дасти шавҳараш дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»

Як сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) бо иттиҳоми қатли ҳамсараш дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» боздошт шудааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 22-юми июн дар пеши чашми одамон рух дод.

Нафари гумонбар сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, муваққатан дар шаҳри Бохтар мезистааст. Дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, «номбурда аз ҳиссиёти рашку бадбинӣ бо корди ошхона чанд дафъа ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 29-сола, задааст».

Дар натиҷа, ин зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додааст. Мақомот гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва тафтиш идома дорад.

Тайи ду соли охир чанд ҳодисаи аз дасти шавҳарон қатл шудани занон сабт шудаст.

Моҳи октбяри соли гузашта Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан, низ ҳамсари собиқашро бо зарби 19 корд дар пеши чашми сокинон дар бозори марказии он шаҳр ба қатл расонда буд.