Видеои баёноти Саид Қиёмиддини Ғозӣ, руҳонӣ ва воизи маъруфро, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда ва дар шабакаи Ютуб гузоштаанд. Инчунин, ровиён ин наворро бо шеваи эронӣ ҳам хондаанд.
Дар ин видео Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҷумҳурии исломии Эронро ба ҳимоят аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва таблиғи шиагароӣ муттаҳам кардааст. Навор бо номи “Решаҳои ноаён” бори аввал шоми 18-уми июн тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон пахш гардида буд.
Макон ва санаи сабти видео маълум нест. Ҳамчунин тасдиқи дурустии ҳарфҳои руҳонии зиндонӣ дар ҳоли ҳозир имконпазир намебошад.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз моҳи ноябри соли 2017 дар боздошт аст ва моҳи майи имсол ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ӯ баъди чаҳор рӯзи дар ҳолати кома ё беҳушӣ будан, ба худ омадааст ва зери назорати пизишкон аст.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ – буд ва ба ӯ унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам дода буданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.
Бо имзои Созишномаи сулҳ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд.
Дар тахминан 15 соли охир ӯ бештар дар хориҷи Тоҷикистон, эҳтимол дар Русияву Эрон зиста, гардонандаи як вебсайт ба забони тоҷикӣ ҳам буд, ки дар масоили динӣ матолиб нашр мекард. Ба иттилои дигар, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорате ҳам роҳандозӣ карда буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи имсол Саид Қиёмиддини Ғозиро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муҷрим шинохтааст.