Олег Сентсов нахост, ки аз Путин дархости афв кунад

Олег Сентсов

Олег Сентсов, коргардони украинӣ, ки дар Русия бо ҷурми ташкили теракт бист сол зиндонӣ шудааст, нахост аз Владимир Путин дархости афв кунад. Дар ин бора рӯзи 23-юми июн Дмитрий Динзе, вакили дифои Сентсов, ба “Интерфакс” хабар додааст.

Ба қавли вакили дифоъ, Олег Сентсов аз дарди қалбу гурда азият мекашад ва аз ҷояш хеста наметавонад. Ӯ гуфтааст, мумкин аст, гурдаи нафари таҳти ҳимояташ аз кор бимонад.

Ин коргардони украинӣ рӯзи 14-уми майи имсол бо талаби озодиаш гуруснанишинӣ оғоз карда буд. Қаблан Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз Сентсов хост, ки ба гуруснанишинӣ хотима бахшад. Аммо вай ин дархостро рад кард.

Бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, ҳоло дар Русия беш аз 60 шаҳрванди Украина бо ангезаҳои сиёсӣ дар зиндон ба сар мебаранд. Чаҳор нафари онҳо – Олег Сентсов, Александр Колченко, Александр Шумков ва Владимир Балух – гуруснанишинӣ кардаанд.

Олег Сентсов бо ҷурми ташкили теракт дар Қрим гунаҳкор шудааст. Русия соли 2014 ин нимҷазираро тасарруф кард ва ба ҳудуди худ ворид намуд.

Аммо Сентсов ин айбро қабул надорад. Вакли дифоъ ва ҳомиёни ҳуқуқ низ парвандаи ӯро сохта медонанд. Онҳо мегӯянд, баёноти зидди Сентсов аз тарафи маъмурони ФСБ ва бо истифода аз шиканҷа ба даст омадааст.