Узбекистон аз Испания истирдоди Фарҳод Ҳодиевро талаб кард

Алишер Ҳодиев

Додситонии кулли Узбекистон аз мақомоти Испания дархост кардааст, ки сокини шаҳри Тошканд Алишер Ҳодиевро ба ватан истирдод кунад. Ҳодиев, ки дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дошт, моҳи марти имсол дар Барселона дастгир шуд.

Сокини ноҳияи Яшнободи Тошканд Алишер Ҳодиев дар тамаъҷӯӣ, қаллобӣ ва пулшӯӣ айбдор мешавад. Зидди Ҳодиеви 39-сола дар доираи парвандаи ҷиноии додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров айб эълон кардаанд.

Вакилони Ҳодиев дар Испания мегӯянд, аз Додситонии кулли Узбекистон талаб карданд, ки дар робита ба дархости худ "асноди иловагӣ" ва "далел" пешниҳод кунад. Ҳодиев ҳамдарси Алишер Қодиров, писари додситони кулли пешини Узбекистон, аст. Ӯ дар ватан ширкати ООО Corris Invest.-ро раҳбарӣ мекард.

Зидди Алишер Ҳодиев дар асоси шикояти раҳбари яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷории Узбекистон – "Инфинбонк" – Фарҳод Мамадҷонов парванда боз шудааст. Ҳодиев гӯиё бо Қодировҳо шарик буда, солҳои 2009-2013 аз Мамадҷонов беш аз 2,6 миллион доллар пора гирифтааст.

Ҳуқуқшиносони ширкати Bray&Avalo Abogados, ки аз ҳуқуқи Алишер Ҳодиев дар Испания ҳимоят мекунанд, гуфтанд, айбномаи Додситонии кулли Узбекистон зидди зерҳимояашон "хусусияти умумӣ" дорад.