Даврон Абаев, вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон ҳарфҳои раиси сенати Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро шарҳ дод.
Пештар аз ин Токаев дар бораи эҳтимоли ширкат накардани Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар интихоботи соли 2020 дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ изҳори назар карда буд.
"То соли 2020 ҳанӯз фурсати кофӣ ҳаст ва тавре худи Қосим-Жомарт Токаев гуфт, дар ин бора худи роҳбари давлат тасмим мегирад. Ман фикр мекунам, ки Қазоқистон аз номзад шудани Назарбоев дар интихоботи президентии соли 2020 танҳо бурд мекунад", - гуфт Абаев дар суҳбат бо рӯзноманигорон рӯзи 22 июн.
Қосим-Жомарт Токаев гуфт, бовар дорад, Назарбоев дар интихоботи навбатии президентӣ иштирок нахоҳад кард. Ин мусоҳибаи Токаев рӯзи 20 июн нашр шуд.