Додситонии шаҳри Душанбе аз рӯи ҳодисаи марги Абдурасул Назаров парвандаи ҷиноӣ боз карда, ин қазияро аз рӯи моддаи "шиканҷа" баррасӣ мекунанд. Парвандаи ҷиноӣ рӯзи 19 июн ва тахминан се моҳ баъди боздошт шуданаш аз ҷониби маъмурони пулиси Сино-2 боз шуд. Аз оғоз хешовандони Назаров дар шаҳри Кӯлоб пофишорӣ мекарданд, ки ӯ қурбони шиканҷа шудааст, вале мақомот мегуфтанд, ки ин иддаоҳо бояд санҷида шавад.
Моддаи "шиканҷа" (моддаи 143, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) аз назари фаъолони ҳуқуқ аз он иттиҳомоте маҳсуб мешавад, ки боз шудани он аз ҷониби мақомот ба сахтӣ сурат мегирад. На дар ҳама ҳолат органҳои тафтишотӣ омода ҳастанд, ки ходимони ҳифзи қонуни гумонбар дар бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро аз рӯи ин модда ба ҷавобгарӣ кашанд.
Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард. Рӯзи 28-уми март аз тарафи ходимони полиси идораи Сино-2-и шаҳри Душанбе боздошт шуд. Наздиконаш гуфтанд, ки маъмурони милиса дар тан либоси шаҳрвандӣ доштаанд.
Як рӯз баъди боздошт ҷасади Абдурасул Назаровро ба наздиконаш супурданд ва ӯ зодгоҳаш Кӯлоб интиқол доданд ва дар деҳаи Чармгарон дафн карданд. Хешовандони Абдурасул Назаров гуфтанд, ки ӯ дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. "Пеш аз гўронидан изи латукӯбу доғҳо аз ҷониби мо наворбардориву акс гирифта шуд",- мегўянд онҳо.
Қаблан Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсари Назаров, хизматрасонии адвокатро пешниҳод кард.