Дар Қирғизистон аз "Google"-у "Фейсбук" андоз гирифтанианд

Вакили ҷиноҳи порлумониии “Республика – Ота Журт”-и Қирғизистон Руслан Қазоқбоев пешниҳод дорад, ки бузургтарин ширкатҳои IT, ба монанди “Фейсбук”, “Гугл” ва “Инстаграм”-ро дар ин кишвар андоз банданд. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 21 июн навишт:

“Аз 1 январи соли 2017 дар Русия барои “Google” андоз ҷорӣ шуд. Бар пояи қонунҳои Русия, ширкатҳои хориҷие, ки дар шакли электронӣ хидмат мерасонанд, бояд андоз аз арзиши иловашуда супоранд. Ҳамаи мо медонем, ки бештари ширкатҳо барои ироа ва муаррифии молу хидматҳои худ дар “Фейсбук”, “Гугл”, “Твиттер” ва “Инстаграм” ҳазорҳо доллар сарф мекунанд. Барои намуна, як донишгоҳ барои нашри эълони худ дар Интернет моҳе 500 доллар сарф мекунад”, - гуфт Қазоқбоев.

Ба гуфтаи ин вакил, корхонаҳо ба воситаи бонк мустақим ба ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ пул ворид мекунанд ва Қирғизистон низ дар ин масъала бояд аз таҷрибаи Русия истифода кунад. Бино ба иттилои ӯ, буҷаи Русия танҳо дар се моҳи охир аз ин ҳисоб 2 миллиард рубл даромад кардааст.

Ширкатҳои мазкур дар Русия аз арзиши иловашуда 18% андоз месупоранд.

Бори нахуст дар қаламрави Шӯравии пешин раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар соли 2012 масъалаи андозсупории ширкатҳои ҷаҳонии интерентиро расонаӣ карда буд. Аммо дар ин кишвар масъала аз як баёния фаротар нарафт.