Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми июн дар ҳошияи Конфаронси байналмилалии "Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028", бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон доир шуд ва ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории дуҷониба гуфтугӯ намуданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфтааст, ки кишвараш "хоҳони рушду густариши равобити ҳасанаи худ бо Афғонистон аст ва дар ин ҷода ҳамеша кӯшишу талоши созанда ба харҷ медиҳад."
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон зимни ин мулоқот ҳамчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байнамилалиро баррасӣ кардаанд. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ҷумла роҷеъ ба мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонҳои фаромиллӣ, табодули афкор намуданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон омодааст барои Афғонистон мутахассисони арсаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.