Ҷарроҳии як кӯдаки тоҷик бо кумаки муҳоҷирон аз Русия

Хусравҷон Сафаров дар бистари беморӣ

Бо кумаки муҳоҷирони корӣ аз Русия як кӯдаки 8-солаи тоҷик, ки аз бемории норасоии кори дил (порок​ сердца) ранҷ мебурд, ҷарроҳӣ шудааст.

Муҳоҷирон дар бархе аз нукоти Тоҷикистон дар сохтмон ва таъмири роҳ, мактаб ва беморхонаҳо низ саҳм мегиранд.

Ин тифл Хусравҷон Сафаров, сокини шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ чанде пеш дар як навори видеоӣ ҳозир шуд ва гуфт, ки аз бемории дил ранҷ мебарад ва наметавонад мисли дигар ҳамсолонаш бозӣ кардаву ба мактаб равад.

Дар ин навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн шуда буд, дида мешуд, аз нуқси кори дил ангуштони дасту пойи Хусравҷони 8-сола варам кардаву таъҷилӣ ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.

Сафарбӣ Ҷалолова, модари Хусравҷон Сафарова, рӯзи 20-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш 19-уми июн дар бемористони “Медгородок”-и шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шуд. Ҷалолова гуфт, ба танҳоӣ тавони пардохти харҷи ҷарроҳии Хусравҷонро надоштанд ва бо кумаки муҳоҷирон ин кор имконпазир шуд.

“Баъди онки мо ба ҳамватанон муроҷиат кардем, бисёре аз онҳо аз Русия ёрӣ карданд. Пул фиристоданд. Ҳар як дираме, ки фиристоданд, бо бародарам ҷамъ кардем ва рӯзи гузашта писарамро ҷарроҳӣ намудем”, - афзуд ӯ.

Хусравҷон Сафаров

Ин модари тоҷик гуфт, ҷарроҳии Хусравҷон Сафаров дар беморхона 8 соат идома карда, пас аз ҷарроҳӣ “сиҳату саломат баромад”. Сафарбӣ Ҷалолова аз онҳое, ки барои ҷарроҳии писараш ёрӣ кардаанд, сипосгузорӣ намуд.

Зимнан, ин танҳо ҳодисае нест, ки афроди ниёзманд дар Тоҷикистон барои кумак ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия муроҷиат мекунанд. Ба ин манзур муҳоҷирони тоҷик як бунёди хайриявиро бо номи “Фонди тоҷик” низ таъсис дода буданд. Ин бунёд ба оилаҳои камбизоат ва онҳое, ки дар хона кӯдаки маъюбро ба воя мерасониданд, кумаки молиявӣ ва ғизоӣ мекард.

Муҳоҷирон дар бархе аз нукоти Тоҷикистон дар сохтмон ва таъмири роҳ, мактаб ва беморхонаҳо низ саҳм мегиранд.

Бино ба иттилои мақомоти кишвар, дар Русия ҳудуди 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.