Ба полиси шаҳри Маскав марди тоҷике муроҷиат кард, ки дар майдони Болотная шиносномаи шаҳрванди Аргентина бо номи Ҳулио Иглессиасро пайдо кардааст.
Дар ин бора хабаргузории «Москва» иттилоъ дод.
Мақомот аллакай сафорати Аргентинаро дар бораи пайдо шудани чунин шиноснома огоҳ кардаанд. Ҳоло ҷустуҷӯи соҳиби эҳтимолии шиноснома идома дорад.
Ҳулио Иглессиас исми як овозхони маъруфи испанӣ низ ҳаст.